Хабарҳо
Local

Оилаҳоро танҳо нагузоред

Ҳасан ва Ҳусейн, ду муҳоҷири тоҷик, ҳар моҳ ҳар кадоме ду ҳазор сомонӣ ба оилаҳояшон мефиристанд. Ҳамсари Ҳасан бо ҳамин маблағ ҳам хариди рӯзгорро мекунад ва ҳам пул ҷамъ карда, гов харид.

 Ҳамсари Ҳусейн бошад, ҳам пулро тамом кард, ва ҳам аз дӯкони деҳа барои орду равған қарздор шуд. Чаро?

Гӯиё саволи осон аст, вале агар ҳақиқатан ҳам осон мешуд, садҳо оилаи муҳоҷир ба ин дилемма гирифтор намешуданд.

Ба ин саволҳо тренерони созмонҳои иҷтимоии ҳамкори СБМ доир ба саводнокии молиявӣ ҳангоми дарсҳо бо занҳои деҳот дар Кӯлоб ва Дӯстӣ ҷавоб меҷӯянд.

12 тренер аз 12-уми июл ба ин сӯ дар Бохтар машғули омӯзиши роҳҳои таълими саводнокии молиявӣ ба оилаҳои танҳомондаи муҳоҷирон мебошанд.

Онҳо меомӯзанд:

  • Буҷа, даромад ва хароҷоти ҳаррӯза,
  • Нақшаи хароҷоти дарозмуддат,
  • Идора кардани пасандоз,
  • Идора кардани қарз.

Ва сипас, ин омӯхтаҳои худро ба занҳои Кӯлоб ва Дӯстӣ таълим медиҳанд.

Ин ибтикор дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии оилаҳои танҳомондаи муҳоҷирон дар вилояти Хатлон» сурат мегирад. Лоиҳаро Бунёди чандҷонибаи ҳамкории мӯътамад дар соҳаи муҳоҷират (Migration Multi-Partner Trust Fund - MPTF) маблағгузорӣ ва чаҳор оҷонсии Созмони Милал дар Тоҷикистон: Оҷонсии муҳоҷирати СММ - Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF), СММ Занон (UN Women) ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) амалӣ менамоянд.