Хабарҳо
Local

Огаҳӣ доир ба хатари савдои одамон аз саҳнаи театр

Садҳо сокини шаҳри Истаравшан огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон аз як намоишномаи театрӣ, ки рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гуруҳи ӯ таҳия шуд, боло бурданд.

Силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқ баргузор гардид. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо мусоидати мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА доир ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.

Намоишномаҳо мушкилоти мубрами навъҳои ҳозираи савдои одамонро тасвир карда, бинандагонро аз хатарҳо огоҳ кард ва доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот дод. Ҳарчанд, қиссаҳо комилан маҳсули хаёли ҳунармандон буда, ҳама гуна монандии эҳтимолӣ бо саргузаштҳои воқеъӣ комилан тасодуф аст, онҳо нишон доданд, ки бо қурбонии савдои одамон чӣ рух дода ва бо ҳар нафар чӣ ҳодиса метавонад рух бидиҳад, агар эҳтиёт накунад.

Намоишномаҳо, бавижа ҷавонону бонувонро ҳадаф қарор дод, чун онҳо махсусан ба гирифторӣ ба савдои одамон ва истисмор осебпазиранд, зеро доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри кофӣ намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд.

Намоишномаҳои театрӣ, ки СБМ Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар созмон дод, ба истиқболи гарми ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мардуми одӣ рӯбарӯ гардида, таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб кард.