Хабарҳо
Local

Механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои одамон – дар маркази таваҷҷуҳ

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон бо Механизми миллии бозравонӣ (ММБ) шинос шуда, дониши худро дар самти ироаи ёрии равониҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон тақвият доданд.

Рӯзҳои 10 ва 11-уми марти соли 2016 дар ин мавзӯъ давраи омӯзишии дурӯза баргузор гардид ва он дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Чораҳои вокуниш ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон бо назардошти манфиати қурбониёни савдои одамон» имконпазир гардидааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА доир ба назорат ва мубориза бо савдои одамон пуштибонии молӣ мешавад (J/TIP).

 Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо сохтор ва фаъолияти Механизми миллии бозравонӣ (ММБ) ва чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҷиҳати ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва ёрӣ ба қурбониёни ин ҷиноят рӯидаст гирифтаанд, шинос шуданд. Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон бо ҳадафи расонидани ёрӣ ва реинтегратсияи қурбониёни савдои одамон ба ҷомеа таҳия гардидааст. Ин санад, ки бо мусоидати СБМ омода шуда, айни ҳол дар марҳилаи ниҳоии мувофиқа ва тасдиқ мебошад, ҳамкории мақомоти ваколатдор ва созмонҳои ғайридавлатию байналмилалӣ ва нақшу вазифаҳои ҳар як ҷониби манфиатдорро муайян менамояд.

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ, ҳамчунин, бо василаҳои равониҷтимоии муайян намудани ниёзҳои равонӣ ва равониҷтимоии қурбониёни савдои одамон шинос шуда, роҳҳои расонидани ёрии равониҷтимоӣ ба онҳо ва аҳли хонадони онҳоро баррасӣ карданд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки мушкилоти равониву равониҷтимоии қурбониёни савдои одамон пас аз истисмори онҳо низ боқӣ мемонад ва ин афрод, ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо барои бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ ба ёрии муайян ниёз доранд. 

Ҳадафи умумии лоиҳаи «Чораҳои вокуниш ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон бо назардошти манфиати қурбониёни савдои одамон» мусоидат ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳимояи қурбониёни савдои одамон ва ба ҷазо кашидани  муҷримони тиҷорати одамон мебошад.