Хабарҳо
Local

Марҷона: Зиндагӣ зебост!

Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати СММ ба Марҷона, собиқ муҳоҷири тоҷик, ки аз Федератсияи Россия баргашта буд, ёрӣ дод, то дар ватан истиқлоли молӣ ба даст орад ва худро узви муҳимми ҷомеа ҳис кунад.

Марҷона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ мекунад. Дар сесолагӣ дар як ҳодисаи нохуше бадану чеҳрааш осеб диданд ва сӯхтанд. Дар Тоҷикистон чанд бор ҷарроҳӣ кард, ки на он қадар муваффақ анҷом ёфтанд. Тасмим гирифт, ки ба Россия меравад, дар он ҷо пул кор мекунад ва ҷарроҳӣ мекунад. Пас аз як ҷарроҳӣ дар кишвари бегона барои чанд муддате бекор монд ва натавонист, ки ҳуҷҷатҳояшро ба тартиб дарорад. Ба Тоҷикистон баргашт, вале ин бозгашт ӯро бештар гӯшанишини хона кард.

Моҳиниссо Шоҳназарова, сарвари созмони иҷтимоии “Ахтари бахт”, мегӯяд: “Марҷона аз ҷое рафтан шарм медошт, худро одами нолозим мешуморид. Аз одамон дурӣ меҷуст, сару рӯяшро мепӯшонид, то касе захмҳои ӯро набинад”.

Захмҳои дили ӯро низ ба ҷузъ худашу Худо касе намедид. “Aхтари бахт” ба СБМ дар иҷрои лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ” бо дастгирии молии USAID ёрӣ медиҳад. Марҷонаро ба ҳайси баҳрагиранда интихоб карданд. Ӯ таҷрибаи хубе дар пухтупаз дорад, ва бо назардошти ин ба ӯ таҷҳизоти пухтупаз тақдим карданд ва дар кушодани ошхонаи хурди миллӣ ёрӣ доданд. Акнун, ҳунари таббохии Марҷона на барои маоши хурде аз кордиҳанда истифода мешуд. Акнун, худи Марҷона кордиҳанда аст ва занони дигари маҳаллиро бо ҷои кор таъмин кардааст.

Ӯ мегӯяд: “Ман ҳамеша ба худам боварӣ доштам, ки агар шонс даст диҳад, ман аз уҳдаи ин кор мебароям. Ҳоло муштариёни зиёде дорам ва барои маъракаҳо ҳам фармоишҳои зиёде мегирам”.

Бо ин кумак, Марҷона ҳам аз нигоҳи молӣ мустақил гардид ва ҳам аз нигоҳи равонӣ ором шуд. Шароити зиндагияшро беҳтар намуд ва ҳоло барои идомаи табобат маблағ меорад. Ҳамчунин, нақша дорад, ки тиҷораташро васеъ кунад.

Марҷона шеъри машҳури форсиро ба ёд меорад: “Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст. Дар парешонҳолию дармондагӣ. Аз ҳамаи онҳое, ки дар рӯзҳои сангини ман дасти маро гирифтанд, миннатдорам. Акнун, тамоми кушишамро мекунам, то ба ин боварӣ сазовор шавам. Акнун ман медонам, ки зиндагӣ зебост ва ман набояд таслим шавам ва бояд аз зебоиҳои зиндагӣ баҳра барам”.

Дар ин навори видеоӣ қиссаи зиндагии Марҷона ҳикоя мешавад.