Хабарҳо
Local

Конфронси ниҳоии минтақавӣ оид ба сиёсати идоракунии интиқоли пул

Dushanbe – 30-уми апрели соли 2021 Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар шаҳри Душанбе конфронси ниҳоии минтақавӣ оид ба сиёсати идоракунии интиқоли пулро баргузор  кард, ки дар он ҷонибҳои асосии манфиатдори давлатӣ, намояндагони Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносон ширкат карданд. Чорабинии мазкур қисмате аз лоиҳаи минтақавии «Коҳиш додани пайомадҳои иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирон ва ҷомеаҳо дар Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия» буд, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби СБМ амалӣ гардид.

Лоиҳа қисмате аз Нақшаи стратегии омодагӣ ва вокуниши СБМ дар Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия буд, ки ба пешгирӣ аз интиқоли COVID-19, афзоиши дастрасии молиявӣ, пешбурди истифодаи интиқоли рақамии пул барои баланд бардоштани устувории муҳоҷирон ба таъсироти беруна дар давраи буҳрон ва фаъолсозии рушди интиқоли маблағҳо нигаронида шуда буд. Пандемия ба иқтисодиёт таъсири ҷиддӣ расонид ва ҷараёни интиқоли пул байни Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россияро халалдор кард. Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба қобилияти расидан ба Рӯзномаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор таъсир мерасонад.

Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқоти амиқи СБМ дар Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россияро, ки мушкилот ва имкониятҳои марбут ба интиқоли пулро таҳлил менамояд, муҳокима карданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот муайян карданд, ки чӣ гуна идоракунии низоми бонкиро дар минтақа мутобиқ ва такмил додан мумкин аст, ки ин ба азхудкунии усулҳои нави фиристодан ва истифодаи интиқоли пул мусоидат мекунад. Дар анҷом, Кристина Транка, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, бо ишора ба иштироки намояндагони созмону соҳаҳои гуногун дар чорабинӣ муҳим будани ҳамкориву шарокат дар ин самт ва масъулияти умумии ҳамаро қайд кард.

Ин конфронси минтақавӣ ҳамчун платформа барои омӯзиши муштарак ва мубодилаи афкор оид ба ҳалли мушкилоти амалиётии идоракунии муҳоҷират дар шароити буҳрони ҷаҳонии кунунӣ дар соҳаи тандурустӣ (инчунин таъсироти эҳтимолии ояндаи иқтисодӣ) бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани иқтидори гирандагони интиқоли маблағҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат дар бахши пасандозҳо ва васоити зиндагӣ хидмат кард. Ғайр аз он, дарсҳои андӯхташуда ва маълумоти таҳлилие, ки дар давоми конфронс ба даст оварда шудаанд, барои ҳукумат ва бахши хусусӣ ҳамчун дастгирии иттилоотӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии фаъолонаи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо ба истифодаи интиқоли маблағҳо тавассути баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи фармони Бонки миллии Тоҷикистон хидмат хоҳанд кард.

***

For more information please contact: Dushanbe@iom.int