Хабарҳо
Local

Ҳамоиши байнулмилалии илмӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе

Аксҳо: СБМ Тоҷикистон, ЮНИСЕФ Тоҷикистон, Ховар

Аксҳо: СБМ Тоҷикистон, ЮНИСЕФ Тоҷикистон, Ховар

Созмони байнулмилалии муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) яке аз мубтакирони ҳамоиши байнулмилалии илмӣ дар бастагӣ ба муҳоҷират буд, ки имрӯз, 19-уми июл, дар Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мавзӯъи ҳамоиши илмӣ «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Ҷанбаъҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» ном дошт ва он бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ),  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов доир шуд.

Дар ин конфронс, ки зери модератории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода баргузор шуд, Кристина Транка, раҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд ва ба муҳиммияти таваҷҷуҳ ба танзими муҳоҷират таъкид кард. Хонум Транка, ҳамчунин, дар бахши пленарӣ низ баромад кард ва доир ба фаъолиятҳои СБМ дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Дар яке аз бахшҳои пленарии конфронс Рухшона Қурбонова, ҳамоҳангсози дафтари СБМ Тоҷикистон доир ба муҳоҷират ва тандурустӣ, дар мавзӯъи “Муҳоҷирати кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон: Сабабҳо ва оқибатҳои иҷтимоӣ” баромад намуд.

Дар бахши дигари пленарии конфронс Ирна Хофман, мушовири дафтари СБМ Тоҷикистон доир ба пажӯҳишҳо, дар мавзӯъи “Пажӯҳиши СБМ доир ба арзёбии ниёзҳо муҳоҷирон ба иттилоъ” баромад намуд.