Хабарҳо
Local

Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират дар Тоҷикистон

Сокинони шаҳри Душанбе тӯли ду ҳафта ба тамошои ройгони филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ дар чаҳорчӯбаи Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират даъват гардида буданд. Фестивали мазкур барои нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор шуда, мизбонии онро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират бар дӯш дошт. Ин фестивал ҳамзамон дар беш аз 100 кишвари олам баргузор гардид ва ба Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир, ки солона 18-уми декабр таҷлил мегардад, бахшида шуда буд. 

Филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатие, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба навор гирифта шудаанд ва зиндагии одамони муҳоҷирро тасвир кардаанд, аз 5-ум то 18-уми декабр дар маконҳои гуногуни шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуданд. Даромад ва тамошо озод ва ройгон буд.

Ҷамъ, чаҳор филм дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд, ки имкониятҳо ва чолишҳои муҳоҷират ва назари тағйирёфта доир ба муҳоҷиронро бозгӯ менамоянд ва саҳми беназири муҳоҷирон ба ҷомеаҳои мизбонашон ва ватанашонро таъкид менамоянд. 

Уилям Лейси Свинг, мудири кулли СБМ, мегӯяд: Сафари муҳоҷирон баъзан пур аз хатар аст, зуд-зуд моломоли умед аст, ва дар тамоми таърихи синамо мавзӯъи филмҳо будааст. Мо низ умедворем, ки филмҳои фестивали мо дар бинандагон ҳисси дарки дарди қаҳрамонҳоро бедор мекунад, ва онҳо аз ин қиссаҳо ба ваҷд омада, ба онҳое, ки аз муҳоҷирон пазироии нек кардаанд, таҳсин мехонанд”.

Драган Алексоски, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Аз баргузории нахустини ин фестивал дар Тоҷикистон хеле ифтихор дорем. Хушҳолем, ки бинандагон пас аз тамошои филмҳо имкониятҳо ва чолишҳои муҳоҷират ва манфиати ҷомеаҳои мизбон аз муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳамчунин, сари муҳоҷирати бехатар ва осонтар андешаҳояшонро баён карданд. Фестивал ҷиҳати баррасии тақвияти тамосҳо миёни кишварҳо ва ҷомеаҳои мизбону муҳоҷирон имконияти хуберо фароҳам овард. Муҳоҷират барои Тоҷикистон мавзӯъи нав нест ва дар ин ҷо мушкил аст касеро дарёфт, ки зиндагияш ба шакле зери таъсири муҳоҷират қарор нагирифта бошад. Вале, умедворем, ки ин филмҳо сабаб мешаванд, то ба ҳамсояҳо ва дӯстонамон бо нигоҳи нав бингарем ва андешаҳоямонро доир ба муҳоҷират дубора дар мизони мантиқ баркашем”.

 

Иловатан, СБМ Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои дигарро низ ба хотири таҷлил аз Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир баргузор намуданд. Озмунҳои ҳунарӣ ва назм, намоши аксҳо ва барномаҳои оҷонсиҳои дигари СММ ва созмонҳои байнулмилалӣ, бозиҳо, чорабиниҳои иттилоотӣ, намоишномаҳои театрӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аз ҷумлаи ин барномаҳо буданд.