Хабарҳо
Local

Давраи омӯзишӣ барои кормандони ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои беруна рӯзҳои 1-2-юми июни соли 2016 дар давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи мубориза бо савдои одамон иштирок карданд.

Кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар ин давраи омӯзишӣ иштирок карданд, бо нақши Механизми миллии бозравонӣ дар самти муайянсозӣ ва бозравонии қурбониёни савдои одамон ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ шинос шуданд.

Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамони Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (J/TIP) ташкил шуд.  

Савдои одамон як навъи ғуломдории замони имрӯз буда, инсонро бо ҳадафи истисмори корӣ ё шаҳвонӣ ва ё манфиати молӣ мавриди тиҷорат қарор медиҳад. Азбаски тиҷорати инсон ҷинояти фаромарзӣ мебошад ва бисёре аз қурбониён дар кишварҳои дигар қарор дошта, ниёзманди дасти ёриянд, сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳочират ба ҳайси нуқтаи нахустини тамос миёни ватан ва қурбониён дар раҳоии онҳо ва наҷоти ҳаёту сарнавишти онҳо нақши калидиро мебозанд. Таълими малакаҳои зарурӣ ба шахсони вазифадори ин сохторҳо дар муборизаи муассир бо савдои одамон дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Иштирокдорони давраи омӯзишӣ вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории навини миллӣ ва санадҳои байналмилалиро баррасӣ карда, бо таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон шинос шуданд. Коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза бо савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нав дар самти ҳимоя, муайян ва бозгардонидани қурбониёни савдои одамон ошно сохтанд. Ба Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон ва аслҳои равонӣ ва ахлоқии ҳамкорӣ бо қурбониёни савдои одамон дар давраи мазкур аҳаммияти вижа дода шуд.

Илова бар ин, иштирокдорон аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкорӣ миёни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин, нақши СБМ ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар талошҳои муштарак ҷиҳати ҳимоя ва ёрӣ ба қурбониён, аз ҷумла ироаи паноҳгоҳҳо ва таҳияи бунгоҳҳои эътимод ба воситаи телефонҳои боварӣ огоҳ шуданд.