Хабарҳо
Local

"Афсӯс, ки хоҳарамро гӯш накардам": "Фемида" сарнавиштҳои шикастаро қисса мекунад

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар баробари ниҳодҳои давлатӣ ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар самти ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон саҳми муассир мегузоранд. Яке аз ин гуна созмонҳо Маркази мусоидати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба занону наврасон - “Фемида” мебошад, ки тӯли солҳои зиёд мудирияти яке аз ду паноҳгоҳ барои қурбониёни савдои одамон дар Тоҷикистонро бар дӯш дошт. “Миллат” доир ба фаъолияти ин паноҳгоҳ ва онҳое, ки дар он хонаи дувуми худро ёфтанд, бо Саноат Солиева, раҳбари маркази “Фемида” ва Мунира Аҳмадова, ҳуқуқшиноси ин марказ, суҳбат кард. Суоли нахустин низ доир ба фаъолияти марказ буд.

Саноат Солиева:  Маркази мусоидати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба занону наврасон «Фемида» аз соли 2005 бад ин сӯ фаъолият мекунад. Дар самти мубориза бо савдои одамон мо аз соли 2009 бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҳамкорӣ дорем. Ҳамкориҳои худро низ мо аз баргузории шумори бемаҳдуди чорабиниву иқдомҳои маърифативу иттилоотӣ барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, занону наврасон оғоз кардем.

Мунира Аҳмадова: Илова мекунам, ки дар ин чорабиниҳо ҳазорон донишҷӯву талабаҳои мактаб ва занон маълумоте гирифтанд, ки дар акси ҳол аз он шояд бехабар мемонданд – ин ки ҷаҳон амн нест, ҷаҳон метавонад хатар дошта бошад, ва бояд ҳамеша огоҳ ва эҳтиёт буд. Ҳамватанони мо, махсусан ҷавонон, вақте пешниҳоди кор аз хориҷа мегиранд ва иловатан, ба онҳо мегӯянд, ки таҳияи санадҳо, раводид, роҳкиро ҳамааш ройгон хоҳад буд, бояд фикр кунанд, ки панири бепул дар куҷост. Дар таҷрибаи мо ҳолате буд, ки зане ҷияни хунии худашро бо фиреби кор дар корхонаи ширинипазӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурд ва дар он ҷо ба танфурӯшӣ водор кард. Ҳам ин зан ва ҳам истисморгаре, ки дар он кишвар ин ҷавонро ба корҳои фаҳш водор кард, хушбахтона, ба муддатҳои тӯлонӣ ба маҳкама кашида шуданд.

Созмони шумо мудирияти паноҳгоҳ барои қурбониёни савдои одамонро бар дӯш дошт. Метавонед бигӯед, ки ин паноҳгоҳ чӣ ҷоест ва дар он ҷо шумо ба чӣ коре машғул будед?

Саноат Солиева: Паноҳгоҳе, ки шумо мегӯед, номи расмияш Маркази мусоидат ва ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон аст, ки мудирияти он аз якуми апрели соли 2013 то охири апрели соли 2016 бар дӯши мо буд. Ин паноҳгоҳҳо дар Тоҷикистон дуто буда, яке дар Душанбе ва дигаре дар Хуҷанд, сар аз соли 2006 фаъолият мекарданд. Дар соли 2011 як паноҳгоҳи иловагӣ барои қурбониёни ҷинсашон мард роҳандозӣ гардида буд. Макони ҷойгиршавии ин паноҳгоҳҳо комилан махфӣ буда, ба ҳеҷ кас гуфта намешавад.

Дар ин паноҳгоҳҳо ба қурбониёни савдои одамон ёриҳои реабилитатсионӣ ва реинтегратсионӣ расонида мешавад. Ин хонаест, ки аз ду қисмат – маъмурӣ ва зист иборат мебошад. Дар қисмати маъмурӣ кормандони паноҳгоҳ кор мекунанд ва дар қисмати зист ҳама шароити зиндагонӣ барои сокинони паноҳгоҳ муҳайё шудааст. Барои ҳар қурбонӣ нақшаи инфиродии реабилитатсионӣ таҳия мешавад ва ба ин кор мудири паноҳгоҳ, равоншинос, корманди иҷтимоӣ, ва ҳуқуқшинос ҷалб мешаванд. Дар паноҳгоҳ, ки макони зисти муваққатии қурбонӣ мебошад, ба ӯ ёриҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббӣ, ва иҷтимоӣ расонида мешавад. Пас аз анҷоми марҳилаи реабилитатсионӣ мо ба қурбонӣ дар оғози ҳаёти нав кӯмак мерасонем. Касб меомӯзонем, масалан, дӯзандагӣ ё ширинипазӣ, таҷҳизоти лозима медиҳем, то зиндагии худро дубора оғоз кунад. Пас аз муддате мо назорат мебарем, ки он нафар то чӣ андоза ба зиндагии нав мутобиқ шудааст.

Шумо бо қурбониёни савдои одамон чӣ гуна тамос барқарор мекунед?

Саноат Солиева: Созмони мо бо мақомоти масъули қудратӣ, ба монанди ВКД ва додситонӣ дар ин самт ҳамкориҳои зич ба роҳ мондааст. Онҳо ба мо занг мезананд, мо меравем, бо қурбонӣ вомехӯрем ва ӯро гирифта, ба паноҳгоҳ меорем. Баъзан, агар қурбониро дар кишвари хориҷӣ дарёбанд, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ӯро ба паноҳгоҳи мо мефиристад. Созмонҳои ғайриҳукуматии дигар низ агар бо чунин далелҳо рӯбарӯ шуданд, нафарони ниёзмандро ба мо роҳнамоӣ мекунанд. Ҳодисаҳое низ буданд, ки қурбонӣ ё аҳли оилаи ӯ бевосита ба мо муроҷиат карда буданд.

Онҳое, ки дар паноҳгоҳ ба сар мебурданд, бештар қурбонии кадом навъи истисмор г буданд?

Саноат Солиева: Ҳам шаҳвонӣ ва ҳам корӣ. Ҳам марду ҳам зан. Мо бо нафароне низ кор кардем, ки ҳанӯз дар марҳилаи ҷалбшавӣ қарор доштанд, вале ҷинояткоронро қабл аз фиристодани қурбониён ба кишвари дигар боздошт карданд. Як ҳодисае ба ёдам меояд, ки ҷинояткорон санадҳои шаш занро барои фиристоданашон ба Иморот таҳия карда буданд. Хушбахтона, он занҳоро фурсат наёфтанд, ки аз Тоҷикистон берун баранд ва онҳоро дар фурудгоҳ ҳамроҳ бо ҷинояткор боздоштанд. Яке аз ин занҳо, баъдан, ба мо гуфта буд, ки хоҳараш дар яке аз чорабиниҳои иттилоотии мо иштирок карда будааст ва ҳамеша мегуфтааст, ки ба ин одамони шубҳанок, ки шиносномаву раводидро бо пули худашон таҳия карда истодаанд, эътимод накунад. Ин зан мегуфт: “Афсӯс, ки ба хоҳарам гуш накардам. Ӯ гуфта буд, ки аз мутахассисон доир ба ин хатарҳо шунида буд, вале ман ба ҳарфҳояш аҳаммият надодам”. Ҳамаи он шаш зан дар ҳолати шок буданд. Бахташон хеле омад кард, ки онҳоро аз ватан берун бурда натавонистанд.

Метавонед кӯтоҳ доир ба мушкилоти дигари сокинони паноҳгоҳатон бигӯед, ки ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳал мекардед?

Мунира Аҳмадова:  Дар марҳилаи аввал қурбониён бо ёрии равонӣ ва тиббӣ таъмин мегардиданд. Вақте аз нигоҳи равонӣ омодаи суҳбат бо ҳуқуқшинос мешуданд, ман бо онҳо суҳбат мекардам, то бибинам, ки чӣ мушкилотеро ҳал кардан лозим аст. Санадҳои тасдиқкунандаи ҳувияташонро, ба монанди шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, дубора таҳия мекардем, масъалаҳои марбут ба шаҳрвандӣ, барқарорсозӣ дар ҷойи таҳсил ва дигар. Ҳолате буд, ки як оиларо аз ғуломӣ баргардониданд ва кӯдаки 9-солаашон ҳеҷ ҳуҷҷате надошт. Тавассути додгоҳ далели таваллудашро муайян кардем ва ба ин васила, барои ин кӯдак шаҳодатномаи таваллуд гирифтем, ва баъдан, ӯро ба мактаб додем. Ба ӯ иҷозат доданд, ки экстерн таҳсил бикунад ва ба ҳамсолонаш бирасад. Мушкилоти дигар марбут ба барқарорсозии ҳақ ба манзили зист, мерос ва ғайра буд.

Мо, ҳамчунин, қурбониёнро ҳангоми парвандаҳои ҷиноятӣ бар зидди ҷинояткорон дастгирӣ мекардем ва дар ин самт натиҷаҳои хубе дорем, ки бо паси панҷара фиристодани истисморгарон анҷом ёфтаанд.

Онҳо доир ба зиндагии худ дар асорат ва дар истисмор чӣ мегуфтанд?

Саноат Солиева: Бо он чи мо аз забонашон мешунидем, баъзан, худамон ниёз ба равоншинос пайдо мекардем. Хеле, хеле сахт буд. Ҳар як қисса ба мағзи ҷони одам таъсир мерасонад. Ба ҳисоби миёна доир ба як қурбонии истисмори шаҳвонӣ мегӯям: Ба ӯ кори момодоягӣ ваъда медиҳанд, ӯ ҳатто забони адабии тоҷикиро хуб намедонад, танҳо бо лаҳҷа суҳбат мекунад, ҳеҷ гоҳе аз хешу ақрабо дур зиндагӣ накардааст. Ба кишвари комилан дигар мебарандаш, ва ҳамон шаб аллакай тамоми сарнавишташ тағйир мехӯрад. Либоси миллияшро аз танаш мегиранд, либоси нимаурён мепӯшонандаш, ки ҳеҷ гоҳе қаблан он гуна либос намепӯшид. Танҳо ҳамин худи либос ӯро ба шок меафтонад. Рангу бораш мекунанд ва ба қабули мизоҷ мефиристанд. Агар не гӯяд, мезананд, таҳдид мекунанд, таҷовуз мекунанд.

Мунира Аҳмадова: Як духтар нақл карда буд, ки дар ин ҷо волидонаш, шавҳараш, фарзандаш даргузаштанд. Шиносе пайдо шуду, ӯро ба Маскав барои кор фиристод. Он ҷо ҷавоне ӯро пешвоз гирифта, маҷбур кард, бо ӯ зиндагӣ кунад. Ночор буд, розӣ шуд, чунки ҳеҷ гоҳе дар шаҳри калон набуд ва забони русиро низ намедонист. Пас аз чанд моҳ, ба дили он ҷавон зад ва ҷавон ӯро ба фоҳишахона бурда, фурӯхт. Ана ҳамин гуна сарнавишти сангин. Чӣ сангиниҳоеро аз сар нагузаронидааст он духтар қабл аз он ки бигрезад. Дар маҷмӯъ, вақте мо доир ба ҳаёти қурбониёни савдои одамон суҳбат мекунем, талош мекунем, то ба ҳаёти навашон латма ворид накунем ва агар ҷинояткор ва истисморгар ҳанӯз дар озодӣ бошанд, дар боздошти ӯ халал нарасонем.

Дар таҷриба ҳолатҳои савдои одамон дар дохили кишвар низ рух додаанд?

Мунира Аҳмадова: Бале. Як бор ҳодисае буд, ки зан аз ноҳия ба пойтахт барои кор омад ва ба доми истисморгар афтид. Ӯро маҷбур ба танфурӯшӣ мекарданд, дар хона нигаҳ медоштанд, ва пул ҳам намедоданд.

Боз як ҳодисаи пурсарусадое бо шаҳрвандони Бангладеш рух дода буд, ки барои кор дар Тоҷикистон ҷалб шуда буданд ва ин ҷо ба истисмори корӣ гирифтор гардида буданд. Онҳо дар сохтмон кор мекарданд, вале ҳеҷ пуле намегирифтанд ва дар шароити тоқатфарсо ба сар мебурданд. Шаҳрванди Бангладеш, ки ин бечорагонро истимор мекард, баъдан нуҳ сол ҳукми зиндон гирифт, ва ҷабрдидагон пас аз реабилитатсия дар паноҳгоҳ ба ватанашон бозпас фиристода шуданд. Тавассути додгоҳ маблағи бештар аз 20 000 доллар аз ҷинояткор ситонида шуда, ба ҷабрдидагон дода шуд.

То ҷое ба мо маълум аст, маблағгузории паноҳгоҳҳо ҳоло анҷом ёфта, ва фаъолияташон қатъ шудааст. То чӣ андоза дар Тоҷикистон ба ин паноҳгоҳҳо ниёз ҳаст?

Саноат Солиева: Мо аз вазъи феълии мушкили молии паноҳгоҳҳо хеле нигаронем. Аллакай маҷбурем, ки аз қабули ҷабрдидагон худдорӣ намоем, чунки имконияти дигари ёриро надорем. Баъзан, қурбониёни савдои одамонро ба паноҳгоҳҳои ҳамкорон барои қурбониёни хушунати оилавӣ мефиристем, вале паноҳгоҳҳои онҳо низ наметавонад ҳамаро ҷо бидиҳад. Акнун ин ҷабрдидаҳо чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд, дар чӣ шароите, чӣ гуна аз фишори эҳтимолӣ аз ҷониби истисморгарон амн бошанд, дар ҷомеа мавриди табъиз қарор нагиранд?

Расонидани ёрии реабилитатсионӣ ба як қурбонӣ маблағҳои ҳангуфтеро мехоҳад, аз ҷумла масрафот барои зиндагӣ, табобат ва ғайра. Вале умедворем, ки донорҳо ба ин масъала бетаваҷҷуҳ боқӣ намемонанд ва дар ояндаи наздик мавзӯъи идомаи мусоидат ба паноҳгоҳ барои қурбониёнро ба инобат мегиранд.