Қисса

Қазо ба Азизулло имконияти таҳсили хубро дар мактаб надод ва ӯ аз кӯдакӣ маҷбур буд, то дар пешбурди тиҷорати ошхонаи миллӣ дар ватанаш, ноҳияи Кӯшониён, ба падараш ёрӣ диҳад. Чанд соли баъд ин таҷриба ҳамроҳ бо таҷрибаи зиндагӣ дар Федератсияи Россия барои Азизулло лозим шуд.

Пас аз даргузашти падар нигоҳубини модару хоҳари хурдӣ ба дӯши Азизуллои навҷавон афтод. Ба мисли ҷавонони зиёди рустоӣ танҳо роҳи таъмини рӯзгорро ӯ низ дар муҳоҷирати корӣ дид. Давоми ҳашт соли муҳоҷират дар шаҳрҳои гуногуни Россия ӯ ҳар коре, ки мефармуданд, иҷро мекард  ва ба хона танҳо барои издивоҷ ва ҳар сол барои чанд моҳе барои дидани аҳли оила бармегашт. Дар соли 2016 роҳи Азизулло ба Россия баста шуд. Муҳоҷирони зиёде ба мисли ӯ дар замони буҳрони иҷтимоиву иқтисодии кишварашон, аз ҷумла буҳрон дар низоми маориф бузург шудаанд, ва аз ин рӯ, ҷои аҷобат нест, ки бо забону қонунҳои печидаи муҳоҷиратии кишвари мизбон мушкил доранд ва зарбаашро мехӯранд.

Роҳи баста ба Россия + мушкили дарёфти кор дар Тоҷикистон = мушкил гардидани зиндагии Азизуллои 26-сола, модари ӯ, хоҳари хурдаш, ҳамсараш ва ду тифлаш. Модараш Раҳима Алимова ба ёд меорад: “Боз як давраи мушкили зиндагиро паси сар мекардем. Вақте шавҳарам даргузашта буд, фақат ҳамин Азизулло буд, ки дар Россия кор мекарду моро мехӯронид. Вале баъд роҳи ӯ баста шуд, вазъи зиндагии мо вазнин гардид. Ман бемор будам ва аз ҳеҷ ҷо ҳам умеди ёрӣ надоштем”.

 

Азизулло идома медиҳад: “Сипас, дӯстонам ба ман доир ба як созмоне хабар доданд, ки ба муҳоҷироне ба мисли ман ёрӣ медиҳад”.

Ин созмон “Ахтари бахт” буд, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ”-и Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати СММ бо маблағгузории USAID фаъолият мекунад.

Азизулло: “Ман ба назди онҳо рафтам. Аз ман пурсиданд, ки чӣ кор аз дастам меояд”.

Ӯ замине надошт, ки таҷрибаи деҳқонияшро ба кор барад, ва дар ноҳияи хурди ӯ сохтмонҳо ҳам зиёд набуданд, ки он ҷо ба кор дарояд. Он гоҳ, Азизулло хурдиҳояшро ба ёд овард, ки чӣ гуна дар ошхона ба падараш ёрӣ медод. Лоиҳаи СБМ ба Азизулло яхдон, термос, микроволновка, духовка, яхмоспазӣ, ва таҷҳизоти дигари пухтупазу омодасозии нӯшокиро тақдим кард. Лоиҳа боз ба Азизулло роҳҳои идораи ин тиҷорати хурд ва таҷҳизот ва ҳуҷҷатгузориро низ тамрин дод.

Азизулло: “Мо акнун пули кофӣ барои рӯзгузарониро ба даст меорем. Тобистонҳо яхмос ва нӯшокиҳои сард мефурӯшем. Ҳамчунин, махсусан, дар рӯзҳои сард, пирожки, самбӯса, ҳот-дог, тухм ва дигар чизҳо пухта мефурӯшем”.

Даромади доимӣ ва собит зиндагии ӯ ва аҳли оилаашро комилан дигар кард. Онҳо, пеш аз ҳама, аз нигоҳи равонӣ ором шуданд ва ба оянда дигар бо назари нек ва мусбат менигаранд. Азизулло маблағ ҷамъ кард ва ҳуҷҷатгузориҳои хонааш ва худашу аҳли оилаашро дуруст кард. Хонаро таъмир намуд. Тифли хурдияш ба табобату назорати ҳамешагии табибон ниёз дорад ва акнун Азизулло ин ҳама доруву дармонро харида метавонад. Хӯрду хӯроки аҳли хонавода низ танаввӯъ пайдо кард ва беҳтар гардид. Азизулло: “Қаблан, мо агар гӯшт мехаридем, онро барои меҳмоне нигаҳ медоштем. Ҳоло мо зуд-зуд барои истеъмоли худамон низ гӯшт харида метавонем. Мо ҳоло метавонем хӯрокҳои гуногун дар хона пухта хӯрем”. 

Модари Азизулло: “Вақте писарам барои кӯдаконаш ягон бозичае мехарад, ҳамон рӯз табассум аз лабони Азизулло дур намешавад. Шодии кӯдаконро дида, ӯ ҳам хеле хурсанд мешавад. Ӯ хурсанд мешавад, вақте маро ба меҳмонӣ ба хонаи хешовандон бурда метавонад, ва ё вақте барои ҳамсарашу хоҳараш чизе харида метавонад, ки ҳардуяшон ҳам дар пешбурдти тиҷораташ ба ӯ ёрӣ медиҳанд. Вақте ман писарамро чунин хурсанд мебинам, шавқи зиндагӣ дар дилам дубора бедор мешавад. Барои ҳамаи онҳое, ки ба мо ёрӣ доданд, то рӯзҳои мушкилро паси сар кунем ва ба имрӯзу фардои беҳтар расем, самимона ташаккур мегӯям”.