Қисса
By:
  • IOM Tajikistan

Ин номҳоро дар ёд нигаҳ доред! Ин наврасону кӯдакон аз ноҳияи Дӯстӣ аллакай нақшаҳои бузурге барои ояндаи худ ва ватанашон кашидаанд ва итминон доранд, ки иҷро хоҳанд кард.

Муборакшоева Бибимоҳ,15-сола, ғолиби озмуни иншонависӣ
Латипова Зулайхо, 11-сола, ғолиби озмуни расмкашӣ

Дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии пул #GlobalMoneyWeek, Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва Бонки миллии Тоҷикистон муштаракан дар мактаби рақами 3-и ноҳияи Дӯстӣ миёни оилаҳои танҳомондаи муҳоҷирон барномаи иттилоотӣ баргузор намуданд.

Мутахассис ба занҳо ва фарзандони онҳо доир ба асосҳои ташкилу идораи буҷа ва масрафи оқилонаи маблағ маълумот дод.

Сипас, кӯдакони хурдсолтар миёни ҳам бо расмкашӣ ва наврасон бо навиштани иншо ба рақобат пардохтанд.

Мавзӯъ «Ман бо пул чӣ кор мекунам?» буд. Расмҳо ва иншоҳо хеле ҷолиб буданд ва ҳунари хубу тафаккури эҷодии мактаббачагони Дӯстиро бозгӯ карданд.

Умедворем, планшетҳое, ки ба пирӯзони ҷойҳои аввал тақдим гардид, дар сайқал ёфтани қаламу маҳорат ва дониши онҳо кумак расонад.

Занони маҳаллӣ низ доир ба ташкилу идораи буҷаи оилавӣ дар санҷиш иштирок карданд ва ғолибон бо ҳадяҳое, ки дар рӯзгор лозиманд, қадрдонӣ гардиданд.

Ин иқдом дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Тавонмандсозии оилаҳои танҳомондаи муҳоҷирон дар вилояти Хатлон» баргузор шуд. Лоиҳаи мазкур осебпазирии оилаҳоеро, ки муҳоҷирати саробону ноноварашон ба зиндагияшон таъсири манфӣ гузоштааст, коҳиш медиҳад.

Онро Бунёди чандҷонибаи ҳамкории мӯътамад дар соҳаи муҳоҷират (Migration Multi-Partner Trust Fund - MPTF) маблағгузорӣ ва чаҳор оҷонсии Созмони Милал дар Тоҷикистон: Оҷонсии муҳоҷирати СММ - Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF), СММ Занон (UN Women) ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) амалӣ менамоянд.