-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Орзуи карйераи ҳарбӣ сохтани Муродалӣ амалӣ нагашт, вале вақте тақдир ба ӯ аввалин имкони ба даст овардани дилу эҳтироми ҳамдеҳагонро дод, ӯ аз ин шонс оқилона истифода кард. Ҳоло ӯ заминҳои мардуми деҳа ва деҳоти ҳамсояро бо трактораш шудгор мекунад.
Муродалӣ дар як деҳаи дурдасте дар ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ мекунад. Ӯ мехост, ки ҳарбӣ шавад ва барои ин мақсад ӯ ба Коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе дохил шуд. Он ҷо се сол таҳсил кард. Вале, баъдан, падараш даргузашт, ва ӯ маҷбур шуд, ки соли охирини таҳсилро тарк карда, ба Федератсияи Россия ба ҷустуҷӯи кор равад.
Саҳифаи баъдии зиндагии ӯ, муҳоҷирати корӣ, якуним даҳсола давом кард. Дар соли 2017 ӯ тасмим гирифт, ки ба хона баргардад ва издивоҷ кунад: “Бозгашти ман ба шабу рӯзе мувофиқ омад, ки зиндагии муҳоҷирон дар Россия мушкилтар гардида буд. Қонунҳо сахттар шуданд, милиса бисёр озор медод, бӯҳрони молӣ омада буд, рубл беқадр мешуд. Ман дар фикри он шудам, ки дар хона ҷои кор ҷӯям”.
Вазъият дар ватан низ осон набуд – ягона марди ноновари хонаводаи калон, бекорӣ дар деҳа, кори кампул дар шаҳри наздиктарин, қарзҳои зиёде аз дӯстон. Дӯстонаш, бар иловаи қарзҳо, ба Муродалӣ маълумот доданд, ки созмони љамъиятии маҳаллие бо номи “Ахтари бахт” ба муҳоҷирони бозгаштаи осебпазир грантҳои даромаднок медиҳад. Ин грантҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ”-и Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва бо ҳимояи молии USAID дода мешуданд.
Пас аз санҷиши дархости Муродалӣ, ҳунарҳои ӯ ва ниёзҳои деҳааш, лоиҳа ба ӯ трактори хурд ва мотосикле барои интиқоли он трактор дод, то заминҳои деҳаро кишт кунад ва бар ивазаш пул бигирад. Тамоми деҳа аз ин хабар хурсанд шуд. Қариб ҳар як хонавода дар деҳа замини корами худро дорад ва дар он сабзиҷот мекорад. Дигар онҳо маҷбур набуданд, ки заминро побел кунанд ва ё ба ҷустуҷӯи трактори калону гарон бароянд. Имконияти арзону дастрасу сареътаре, ки дӯсти оҳанини Муродалӣ пешниҳод мекард, мушкили тамоми деҳаи Меҳнатободро ҳал кард.
Аҳаммият ва қадри Муродалӣ дар чашми ҳамдеҳашон афзуд. Ӯ ба худаш боварӣ пайдо кард ва дигар худро узви муҳимми ҷомеа медонист. Лоиҳа Муродалиро ҳам аз нигоҳи молӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ тавонманд сохт.
Моҳиниссо Шоназарова, мудири “Ахтари бахт”, мегӯяд: “Мо аз кори Муродалӣ қаноатмандем. Ӯ пули хуб кор мекунад ва дар фикри баргаштан ба Россия нест. Ӯ дар деҳаи худаш ва деҳоти ҳамсоя одами муҳим ба ҳисоб меравад, чунки ҳама ба хидмати ӯ, киштукори осонтару арзонтар эҳтиёҷ дорад”.
Муродалӣ мегӯяд: “Ман дар мавсими киштукор пули хуб кор мекунам. Дар муҳоҷират ҳоло ин қадар пул кор карда намешавад. Ман метавонам барои модарам акнун доруворӣ харам ва хонаводаамонро нигоҳубин кунам. Қарзҳоямро баргардонидам, барои таъмири трактор ва мотосикл ҳамеша каме пул захира мекунам ва дар замини худам низ киштукор карда метавонам”.
Муродалӣ, ҳамчунин, як ҳамсинфашро ҳам ба кор гирифт. Ӯ нақша дорад, ки пул ҷамъ карда, чорво харад ва ба говпарварӣ низ шурӯъ кунад.