Қисса

Замоне, ки вуруди Субҳиддинро ба Федератсияи Россия манъ карданд, ӯ фикр кард, ки аз ин бадтар хабаре барояш нест. Вале хабарҳои мудҳиштар дар пеш буд – дар Тоҷикистон духтурон ба ӯ гуфтанд, ки корҳои вазнини ҷисмонӣ дигар накунад, баъдан, падараш ҳам даргузашт.

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) – Оҷонси муҳоҷирати СММ бо маблағгузории USAID дар доираи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ” ба Субҳиддин бастаи асбоби сартарошӣ, шонаву оина, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти лозима барои боз кардани сартарошхонаи замонавиро тақдим кард. Ҳоло Субҳиддин дар деҳааш ва деҳоти атроф нахустин ва ягона сартарошест, ки тамоми таҷҳизоти замонавиро дорад ва мӯйсарҳои ҷавононро ҳам ороишҳои замонавӣ медиҳад.

Субҳгоҳон, вақте ӯ ба ҷои кор меояд, аллакай паси дараш ҷавонон дар навбат истодаанд. Ҷавонони деҳоти дигар бошанд, қаблан занг мезананд ва навбат мегиранд. Субҳиддин ҳар рӯз соатҳои зиёде заҳмат мекашад, то ҳар муштарияш бо табъи хуш ва дили розӣ аз дараш берун равад. Ҷавонони деҳа акнун аз мӯйсарҳои ба таври замонавӣ ороишёфтаи худ ифтихор доранд. Дигар барои ороиши замонавӣ барояшон лозим нест, ки ба шаҳр раванд, балки кофист, то ба сартарошхонаи Субҳиддин пиёда қадам зананд.

Субҳиддин мегӯяд, вақте ба ӯ гуфтанд, кори вазнин накунад, маҳзун гардида буд, ки бо чӣ роҳе чаҳор фарзанд, бародарону хоҳарони хурдсол, ҳамсару модари пирашро мехӯронад. Акнун бошад, медонад, ки на танҳо оиларо таъмин карда метавонад, балки боз ба бародарони хурдияш низ ин касбро ёд медиҳад ва онҳо дар пеш бурдани кораш ба ӯ ёрӣ медиҳанд.

Ин навори видеоӣ қиссаи Субҳиддинро ҳикоя мекунад.