-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ доир ба як тиҷорати муваффақи сайёҳӣ дар дили кӯҳҳои Тоҷикистон мегӯем.
Баҳром Сангаков 43 сол ва се писар дорад. Дар ҷавонӣ аз тасодуфе маъюб гардида ва ҳоло ҳангоми роҳ гаштан мушкил дорад. Маҳз ин мушкил буд, ки натавонист мисли ҳама ҷавонони дигари кӯҳистон ба Русия ё ақаллан Душанбе барои кор равад. Аммо ризқи инсонро Худо андаруни санг низ медиҳад.
Баҳром дар даромади маркази ноҳияи Дарвоз, дар Қалъаихумб, болои дарё, хона дорад ва хонаи худро ба меҳмонони зиёде ба иҷора медиҳад. Мепурсамаш, ки чӣ гуна ба тиҷорати меҳмонсаро оғоз кард, мегӯяд, аввал ҳар меҳмонеро ройгон бо дилу ҷон ҷойи хоб медод ва худи меҳмонҳо барояш пул пешниҳод мекарданд.
Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират бо ёрии молии Ҳукумати Бритониёи Кабир ба Баҳром дар тaвсеаи меҳмонсарояш ёрӣ расонид. Ҳоло дар шаш ҳуҷра 17 кат ҳар шаб пур аз меҳмони дохиливу хориҷист, ки дар роҳ аз Душанбе ба Хоруғ ва ё баръакс он ҷо зери навои форами дарё ва насими тозаи кӯҳистонӣ шабро сипарӣ мекунанд.
Баҳром мегӯяд: “Ташаккур ба СБМ, ки ба ман катҳои хуби замонавӣ дод ва акнун метавонам ба меҳмонҳо хидмати беҳтар расонам. Муштариёни зиёде дорам, ки ҳатто қабл аз вурудашон ба Тоҷикистон занг мезананд ва ҳуҷраҳоро банд мекунанду, ғизои дилхоҳашонро фармоиш медиҳанд”.
Бо дидани пешравии тиҷорати Баҳром, ҳамсояҳои дасти росту чапаш низ имсол ба табдили хонаҳои худ ба меҳмонсаро оғоз кардаанд. Акнун агар шумо низ ба Бадахшон сафар доред, як шаби худро дар Дарвоз гузаронед ва хотираҳои фаромӯшношуданӣ биоред.