Дӯкони хурди дӯзандагии Ваҳҳобҷон Очилдиев дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷануби Тоҷикистон ва ҳунари дӯзандагии худи ӯ дар миёни ҷавонони мӯддӯстдори маҳаллӣ маъруфанд.

Вале роҳ ба ин комгорӣ дар соҳаи либосдӯзӣ барои Ваҳҳобҷон ҳамвор набуд – зиндагии қаблии ӯ пур аз нишеб буд. Ваҳҳобҷон дар сохтмонҳо ва корхонаҳои Русия боркашонӣ мекард, баъзан маошашро намегирифт ё камтар мегирифт, дар шароити номусоид зиндагӣ мекард, ҳамеша дар дилаш аз боздошту ихроҷ ҳарос дошт, чун имкон надошт, ки ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратияшро ба тартиб дарорад.

Як рӯзи соли 2015 тарси ӯ рост баромад ва ин ҷавони тоҷик ҳам ба сарнавишти садҳо ҳазор ҳамватани худ гирифтор шуд – роҳи вуруди дубораи ӯро ба Русия манъ карданд. Дигар ӯ наметавонист бо пули муҳоҷират модараш, ду фарзандаш, ҳамсараш, ва чаҳор бародари хурдияшро хӯронаду пӯшонаду хононад.

Дар ватан ӯ намедонист, ки чӣ кор кунаду ба чӣ кор машғул шавад. Аз мавҷудияти созмони маҳаллии иҷтимоӣ огоҳ шуд, ки ба муҳоҷирони дармонда ва осебпазир дар роҳандозии тиҷорат кӯмак мекард, вале хеле мешармид, ки худаш ба дари ин созмон биояд ва дар иҷрои нақшаи тиҷораташ, ки солҳо боз дар сар дошту, имкони молияшро надошт, кӯмак пурсад. Ин корро ба ҷойи ӯ раиси маҳалла кард ва ба созмони “Чашма” рафту, талош кард, то Ваҳҳобҷон ҳам баҳрагирандаи лоиҳаи СБМ бо маблағгузории USAID гардад.

Ин ҷо масъалаи гендерӣ низ вуҷуд дошт. Дар ҷомеаи консервативӣ бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки дӯзандагӣ касби бонувон аст ва танҳо занон барои худ либос фармоиш медиҳанд, ва мардон бояд аз бозор барои худ либос харанд. Вале Ваҳҳобҷон ба тағйири нигоҳи мардум ва пайдо кардани муштарӣ боварӣ дошт.

“Ман ба садои дили худ гӯш додам. Ман медонистам, ки мардон низ либоси шинаму зебои дастдӯхтро мехоҳанд ва қабул мекунанд”.

СБМ низ бар ҳамин бовар буд ва ба Ваҳҳобҷон дар иҷораи дӯконе дар маркази ноҳия ва муҷаҳҳазсозии он бо таҷҳизоти дӯзандагӣ кӯмак кард.

Ҳар ду ҳам иштибоҳ накарданд. Ҳоло тиҷорати Ваҳҳобҷон рушд дорад, ӯ бо оилааш ҳамроҳ зиндагӣ мекунад, ва аз шуҳрати хурди худ дар миёни феҳраси дарози муштариён лаззат мебарад. Ӯ дигар маҷбур нест, ки хатар ва танҳоии муҳоҷиратро таҳаммул кунад. Ҳоло яке аз бародаронашро низ вориди кори худ сохтааст ва хонавода ба оянда дигар бо чашми боварӣ ва умедҳои нек нигоҳ мекунад.