Ойҷон Нурматова дар 19-солагӣ шавҳар кард ва мисли ҳар як ҷавондухтар орзу мекард, то оилаи хушбахте бо шавҳари маҳбуб ва фарзандони дӯстрӯй дошта бошад. Вале даҳ сол баъд аз издивоҷ ӯ маҷбур шуд, то хонаи хоксоронаи худро дар деҳаи дурдасти Шаҳритӯс тарк карда, дар яке аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон -  Маскав барои хӯронидани фарзандони хурдсолаш, хушдоманаш ва шавҳари маҳбусаш кор биҷӯяд.

Ойҷон ба мисли ҳазорҳо зани дигари ҷомеаҳои мардсолор натавонист ба донишгоҳ биравад ва ягона нақшааш ҳам зани хонашини хубе шудан буд. Вале сарнавишт риштаи дигаре барояш сиришт - зиндагие душвортар, роҳе тӯлонитар, ки ӯро нерӯмандтар сохт ва истиқлолро барояш омӯхт, нақши иҷтимоияшро аз як зани хонашини дастнигар ба танҳо ноновару сардори оилаи калоне тағйир дод. СБМ мусоидат кард, то хонум Нурматова барои муддатҳои тӯлонӣ аз оилааш ҷудо набошад ва тавонад, ки дар хонааш ҳам ба қадри кофӣ даромад биёбад, то азизони дилашро муроқибат карда тавонад.

Ойҷон дар Шаҳритӯс, ноҳияе дурдаст дар ҷануби Тоҷикистон, наздик ба марз бо Афғонистон, зода ва бузург шудааст ва қиссаи ҳаёташ низ ба ҳазорҳо ҳамватанаш монанд аст. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки низоми таълиму иқтисодро дар кишвар ба ҳам зад, имкон надод, то ӯ дониши хуб бигирад. Шавҳар кард, чанд соли баъди издивоҷ шавҳараш ба Русия рафт ва он ҷо ба маҳбас афтид. Шавҳараш ягона фарзанди хонадонашон буд, аз ин рӯ пас аз ҳабси ӯ нигоҳубини ду тифли хурдсол ва хушдомани пиру бемор ба дӯши Ойҷон бор шуд.

Ин қисса намунаи боризи афзоиши феминизатсияи раванди муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон мебошад. Ойҷон кӯдакони хурдсолашро бо хушдоманаш гузошта, ба Маскав рафт, то кор кунад, ба шавҳараш наздик бошад, барояш хӯрок бибарад ва аз нигоҳи равонӣ танҳояш нагузорад. Ҳар коре, ки пайдо мешуд, Ойҷон мекард, ҳатто кори душвори ҷисмонӣ ва бо маблағи камро ҳам – тамизкорӣ, пухтупаз, борбардорӣ. Даромади ками худро Ойҷон се тақсим мекард – барои хӯрду хӯроки худаш дар Маскав, барои хӯроку ёрипулӣ ба шавҳараш, ва қисми боқимондаро ба Тоҷикистон интиқол медод. Зиндагии маскавии Ойҷон якуним сол идома кард, ва ӯ дар он ҷо фарзанди сеюмашро таваллуд карда, бо тифли навзод дар даст ба ватан баргашт. Ойҷон ба ёд меорад:

“Хушдоманам бемор буд, касе набуд, ки ӯро ва фарзандони маро нигоҳубин кунад. Ман чӣ гуна ҳамсаре барои шавҳарам мебудам, агар модари ӯро танҳо мегузоштам? Ман чӣ гуна модаре мебудам, агар кӯдакони худамро танҳо мегузоштам? Ман онҳоро наметавонистам ба Маскав бибарам, аз ин рӯ, худам баргаштам”.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба қадри кофӣ дониш ва имконияти молӣ надоранд, то ҳуҷҷатҳои худро дуруст таҳия намоянд. Барои бисёре аз онҳо бозгашт аз Русия маънои онро дорад, ки аз ҳаққи вуруди дубора ба иллати нақзи муқаррароти муҳоҷиратии Русия маҳрум мегарданд. Ойҷон инро медонист. Ӯ  тасмим гирифт, ки баргардад.

“Маоши ман дар Маскав он қадар зиёд набуд, ки пул ҷамъ кунам. Ягона манбаъи даромади мо дар Тоҷикистон нафақаи хурди хушдоманам буд, ки барои зиндагӣ тамоман намерасид. Худованд хайри ҳамсояҳову хешу таборро бидиҳад, ки ҳарчанд худашон ҳам бой нестанд, вале ҳамеша ба мо дасти кӯмак дароз мекарданд”.

Ҳамсояҳо, ҳамчунин, ба ӯ доир ба як лоиҳаи СБМ маълумот доданд, ки бо маблағҳои USAID барои оғози тиҷорати хурд мусоидат мекунад. Қиссаи Ойҷон дили кормандони созмони иҷтимоии “Чашма”-ро, ки ин тарҳи СБМ-ро дар Шаҳритӯс пиёда мекунад, об кард. Ойҷон яхдон, тафдон, таҷҳизоти шаурмапазӣ, термос, микроволновка, ва дигар таҷҳизоти хӯрокпазӣ дарёфт кард. Ин ёрӣ дар вақти хеле зарурӣ омад – дар аввали моҳи сентябр, вақте мактаббачагон ба дарс шурӯъ карданд, дар назди мактабашон самбӯсаҳо ва дигар хӯрокаи лазизро диданд.

“Ин ёрӣ ҳаёти маро дигар кард. Ҳам ба ман имкони даромад пайдо шуд, ҳам ман ба худам боварӣ пайдо кардам, ки метавонам аз уҳдаи нигоҳубини оилаам бароям. Шумо ба ман на танҳо ёрӣ, балки боз умед ба ояндаи беҳтар додед. Кӯдакони ман акнун метавонанд ба мактаб раванд, ман ба онҳо метавонам либос ва китоб ва дигар маводи мактабӣ харам. Ман мурғ харидам, ки мурғпарварӣ ҳам кунам, санг харидам, то дар ҳавлиям девор созам”.

Вақте муаллифи ин навишта вориди хонаи хонум Нурматова гардид, ӯ худаш дари даромадгоҳи хонаашро ранг мекард, ки солҳо боз ранг надида буд. Он ҳафтаи барояш сангине буд, чун чанд рӯзе пеш хушдоманаш бандагӣ карда буд ва ҳамсоягону хешу табор барои ҳамдардӣ ба хонааш меомаданд. Ойҷон мехост, то ҳама бибинад, ки ӯ аз уҳдаи нигоҳубини хона мебарояд ва шарафи шавҳарашро ҳам бо гуручӯби эҳтиромонаи модари ӯ ҳифз мекунад.

Бо ранг кардани дари хонааш Ойҷон саҳифаи наверо дар зиндагияш варақгардон мекард, саҳифае рангинтар ва хушбахттар. Бо ранг кардани дар ӯ рамзан Ойҷони наверо муаррифӣ мекард, Ойҷоне, ки нерӯманд аст, мустақил аст, ва ба худаш боварӣ дорад.