Қаҳрамони ин навишта тобистони соли гузашта модари хонашини ду мактаббача ва шавҳаре бо ниёзҳои махсус буд. Имрӯз ӯ тиҷорати дӯзандагияшро тавсеа мебахшад, духтарони деҳаро бо ҷойи кор таъмин мекунад, ва ҳунари дӯзандагии худро ба духтарони худаш меомӯзонад. Саодат Алимуродова аз изҳори сипос ба СБМ барои он чӣ ӯ дар ҳаёташ “инқилоб” меномад, хаста намешавад – дар сентябри соли 2018 ӯ таҷҳизоти дӯзандагӣ дарёфт кард ва ба коре, ки беҳтар аз ҳар кори дигар медонаду метавонаду дӯст медорад, даст зад – дӯхтани сарулибоси зебои занона.

Дар соли 2012 шавҳари Садорат аз Русия бо пойи шикаста баргашт ва дигар наметавонист оиларо таъмин кунад. Ҷойи шавҳарро ҳамон сол дар муҳоҷирати корӣ ҳамсар гирифт. Садорат як фитнес-клуб дар Маскавро тамиз мекард ва барои ин заҳматаш дар як моҳ 600 доллар мегирифт. Аз он сол ба баъд зиндагии Садорат дар ду шаҳр мегузашт – кор дар Маскав ва баргузории тӯйи ду духтараш дар Шаҳритӯс. Ин зиндагӣ ҳамин гуна идома меёфт, агар ӯро дар соли 2017 пулис боздошт намекард ва аз ҳаққи вуруди дубора ба Русия маҳрум намесохт. Қонунгузории муҳоҷиратии Русия зуд-зуд аз ҷониби коршиносон барои қоидаҳои сангинаш, ки садҳо ҳазор нафарро аз ҳаққи вуруди дубора маҳрум месозад, танқид мешавад.

Садорат ба ёд меорад: “Ман ба хона баргаштам, вале бекор буда наметавонистам. Аз ноилоҷӣ ва ноумедӣ, бо ҳар роҳе мехостам ба Русия баргардам, ҳатто бо роҳи ғайриқонунии иваз кардани ному насаб. Вале ба ман дар бораи созмоне нақл карданд, ки ба муҳоҷирони осебпазири бозгашта дар оғози тиҷорати хурд кӯмак мерасонад. Ман ба назди ин созмон рафтам”.

Меҳриниссо Бабалова, мудири созмони иҷтимоии “Чашма”, ҳамкори СБМ дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар, шарҳ медиҳад, ки чаро Садоратро ба ҳайси баҳрагирандаи лоиҳа интихоб карданд: “Мо Садоратро хеле зани кордон ва чаққон дарёфтем ва боварӣ доштем, ки ӯ муваффақ шуда, тиҷораташро метавонад тавсеа бидиҳад. Ӯ гуфт, ки дӯзандаи моҳир аст ва мо ҳам ба ӯ дар доираи лоиҳаи СБМ бо маблағгузории USAID чанд мошинаи дӯзандагӣ додем”.

Садорат, дар ҳақиқат ҳам, дӯзандагиро хуб медонад: “Аз замоне, ки дар мактаб мехондам, ман дӯзандагӣ мекардам ва мехостам, пас аз хатми мактаб ҳам ба ягон коллеҷ дохил шуда, ин касбро беҳтар омӯзам. Вале ҷанг орзуямро ба бод дод. Ман шавҳар кардам ва бо истифода аз як мошинаи кӯҳна, ки туҳфаи арӯсии модарам буд, танҳо гоҳ-гоҳе барои аҳли хонадону ҳамсояҳо дӯзандагӣ мекардам. Орзуи дӯзандаи касбӣ шудан дар дилам ҳамеша монда буд”.

Ин ҷумлаи охир бозгӯи он аст, ки чаро Садорат лаҳзаеро, ки таҷҳизоти дӯзандагиро аз СБМ дарёфт кард, лаҳзаи тақдирсози ҳаёташ меномад. Дар ин лаҳза орзуи ҷавонияш амалӣ шуд. Иловатан, хурсандии ӯ сабаби дигаре ҳам дошт: Кӯдаконаш! Ӯ мегӯяд: “Ман надидам, ки ду духтари калониям чӣ гуна бузург шуда, ҷавондухтар шуданд, ва танҳо ҳамеша кор мекардам, то тӯи онҳоро баргузор намоям. Ман мехостам, ки дар канори духтарони хурдиям бошам ва ҳамон модаре гардам, ки на танҳо барои онҳо пул кор мекунад, балки боз дар паҳлӯи онҳо мешинад, ба ҳарфи дили онҳо гӯш медиҳад, ва онҳоро ба зиндагӣ омода менамояд”.

 

Бар иловаи иштирок дар тарбияи духтаронаш, Садорат онҳоро ба мактаб мефиристад, барояшон китобу дафтар мехарад, дӯзандагиро ёдашон медиҳад, ва барои дарсҳои иловагии дӯзандагӣ низ ба онҳо пул медиҳад. Ӯ аллакай як ҳуҷраи иловагӣ дар назди хонааш сохтааст, ки он ҷо мошинаҳояшро гузоштааст ва аллакай ҳам чанд мошинаи иловагӣ харидааст. Духтарони деҳаро бо ҷойи кор таъмин карда, нақша дорад, тиҷораташро боз ҳам бештар рушд диҳад. Ягона шикояташ аз камбуди барқ аст, ки гоҳе ба нақшаҳои ӯ халал мерасонад. Сарфи назар аз ин, Садорат намунаи боризи як зани пур аз нигоҳи мусбат ба зиндагист:

“Ман хеле хурсандам. Ман акнун метавонам, ки аз хонаам набаромада, шавҳарамро барои табобат ба Душанбе фиристам, духтаронамро нигоҳубин намоям ва маълумотнок созам. Дар Русия, пас аз пардохти пули хонаву хӯроку патент ман ҳамин пулро меёфтам. Дигар ба он ҷо баргаштан намехоҳам. Агар ҳамин корам ҳамин гуна хуб пеш равад, ба ман дигар ягон кишвари дигар лозим нест. Ва ман ҳама корро мекунам, то ҳамин корам ҳамин гуна хуб пеш равад".