Қисса

Qubodiyon – Ёздаҳ сол дар муҳоҷирати корӣ, манъи вуруди дубора, се соли бекорӣ ва мушкил дар хона – нисфи ҷавонии Мирзошоҳ ба ҳамин минвол гузашт, то он ки ӯ бо Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) шинос шуд ва барои худашу рафиқонаш имконияти кори собит пайдо карда, дар паҳлӯи хонаводааш ба зиндагии оромона оғоз намуд.

Мирзошоҳ Наимови 36-сола ҳоло бо ҳамсар ва панҷ фарзанд дар деҳае дар ноҳияи Қубодиён зиндагӣ мекунад. Бори аввал ҳанӯз дар 19-солагӣ ба Русия рафт ва баъдан дигар танҳо зимистонҳо ба хона бармегашт – то ки зан бигирад, замин бигирад, хона созад, ва фарзандонашро бибинад. Муҳоҷират ба ӯ имкон медод, то ҳам хонаводаро таъмин намояд ва ҳам ҳунари худро дар корҳои сохтмон ва таъмир сайқал диҳад. Аммо, дар соли 2014 саҳифаи зиндагии русиягии ӯ баногоҳ баста шуд – номи ӯ низ, ба мисли садҳо ҳазор ҳамватанаш, дар феҳраси афроде, ки вурудашон ба Русия манъ аст, ворид гардид.

Дар ватан Мирзошоҳ ҳар коре ки пеш меомад, мекард, чӣ дар ноҳия ва чӣ дар пойтахт. Ӯ зиндагии пасорусиягии худро осон намедонад: “Пуле, ки дар корҳои муваққатӣ меёфтам, барои таъмини оила намерасид. Фарзанди кенҷаам аз таваллудаш боз бемор аст, ҳамсарам низ худашро хуб ҳис намекунад. Нигоҳубини модарам ҳам пурра ба дӯши ман аст. Аз тарафи дигар, сохтмони хонаам нотамом буд. Дар фикри он будам, ки ба Қазоқистон равам, вале ҳамзамон, аз муҳоҷират дилгир будаму, аз наздиконам дур будан намехостам”.

Мирзошоҳ асбобу анҷоми лозима барои сохтмонро надошт ва ин ҳолат дарёфти фармоишҳои хубро барояш мушкилтар мегардонид – ҳар соҳибхонае устои асбобдорро киро мекунад. Ӯ бошад, маҷбур буд, ё ҳамчун коргари одӣ дар назди устоҳо кор кунад ва ё асбоб киро намояд. Аз набуди кори пайваста хаста шуда, Мирзошоҳ дар фикри он буд, ки хонаашро фурӯшад ва ба Душанбе кӯчида, он ҷо иҷора шинад ва ё ба Қазоқистон равад ва тамом шудани муҳлати манъи вурудаш ба Русияро он ҷо интизор шавад.

Дар ҳамин дуроҳаи мушкил барои Мирзошоҳ интихоби савум ҳам пайдо шуд – дар минтақаи ӯ созмони ҷамъиятии “Чашма” дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи СБМ "Шаъну шараф ва ҳуқуқ", ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, ба муҳоҷирони осебпазир барои роҳандозии кори худашон грантҳои хурд ҷудо мекунад. Бо назардошти таҷрибаи Мирзошоҳ дар сохтмон ва таъмири хонаҳо ва хоҳиши ӯ барои истодан дар деҳааш, ки суботи лоиҳаро таъмин менамояд, бастаи асбобу анҷоми устоӣ ба ӯ тақдим гардид.

Мирзошоҳ шармгин аст – барои ҳар акс ман ӯро хоҳиш мекунам, то табассум кунад. Ӯ камгап аст – ҳар посухаш кӯтоҳтар аз саволи ман аст. Вале, вақте тифли хурдсолаш ба мо наздик мешавад, Мирзошоҳ комилан тағйир меёбад – дар назди писараш ӯ мехоҳад худро падари мутмаин, муҳим ва бовиқор нишон диҳад. Ӯ дар ҳақиқат барои ҳалқаи дӯстону рафиқонаш нафари муҳим аст:

“Ман гуруҳи кории худро дорам, дар ҳар фармоиш чор-панҷ нафар бо ман кор мекунанд. Онҳо асосан мардони ҷавонанд, ки ба мисли ман ба Русия рафта наметавонанд. Мо ҳама соҳиби таҷрибаи хуб мебошем, ва акнун боз соҳиби асбоби замонавӣ, ба монанди генератори барқ, ки дар деҳа бисёр муҳим аст, мебошем. Ҳоло дигар фармоишҳои зиёде дорем. Дигар маҷбур нестем, ки ба Русия ва ё Қазоқистон ва ё Душанбе ва ё Бохтар равем. Дар назди хонаҳоямон кор мекунем ва ҳар бегоҳ дар ҳалқаи фарзандонамон хӯроки шом мехӯрем”.

Ҳар бегоҳ дар ҳалқаи зану фарзандон ва волидон хӯроки шом хӯрдан ва ҳар субҳ фарзандонро барои мактаб бедор кардан – шукуҳу шаҳоматест,ки солҳои ахир на ҳамаи мардони тоҷик имконияташро доранд, чун моҳҳову солҳо дар ғурбат ба сар мебаранд. Вақте ман барои шиносоӣ бо Мирзошоҳ ба дидани ӯ рафта будам, ӯ дар хонаи ҳамдеҳааш кор мекард, ҳамагӣ се дақиқа пиёда дуртар аз хонаи худаш. Ба наздикӣ муҳлати манъи вуруди Мирзошоҳ ба Русия ҳам ба анҷом мерасад, вале ӯ дигар дар фикри бозгашт нест:

“Ман ҳоло пул дорам, ки оҳиста оҳиста барои сохтмони хонаи худам масолеҳ харам. Бисёре аз муштариёнамро аз хурдӣ мешиносам ва боварӣ дорам, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо фиреб намекунанд ва пули корамро медиҳанд. Дар пеши хонаам кор мекунам, фарзандонам дар наздам, дар тарбияи онҳо иштирок мекунам. Ҳар лаҳза метавонам ба дӯкон равам ва барои зану фарзандонам ҳар чизе дилашон мекашад, харам. Хушбахтӣ аз ин бештар мешавад?”