-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Наврӯзшоҳ мавсими гузашта аввалин лимону помидорҳои наврустааш аз гармхонаи худашро, ки бо ёрии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) сохтааст, фурӯхт.
Пайроҳаи то 38-солагӣ тайнамудаи Наврӯзшоҳ Ғайратов дар зиндагӣ пурпечутоб буд. Дар 12-солагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳ бурд. Муҳоҷирати корӣ ба Русияро бошад, ҳанӯз аллакай дар 18-солагӣ сар кард. Имкон надошт, ки мактабро тамом кунад. Бо бародараш дар Русия дар сохтмонҳо ва заминҳои кишоварзӣ кор мекард. Муҳоҷирати ӯ дар Русия якуним даҳа тӯл кашид ва онро танҳо ворид шудани исмаш ба рӯйхати афроде, ки вурудашон ба Русия манъ аст, қатъ кард.
Русия, ки муҳаррики муҳими иқтисоди Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир аст, ба Наврӯзшоҳ пушт гардонд, вале бахт на. Ҳамагӣ чанд моҳ пас аз бозгашт ба хона, дар бозори ноҳия ӯ суҳбати бозориёнро шунид, ки доир ба созмони иҷтимоии маҳаллие ҳарф мезаданд, ки ба муҳоҷирони баргашта кӯмак мерасонад. Ин созмон “Чашма” мебошад, ки лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ”-и СБМ-ро бо маблағҳои USAID иҷро мекунад. Наврӯзшоҳ ба ин даргоҳ рафт ва пурсид, ки ӯ чӣ кор бояд кунад, то соҳиби грант шавад. Ба ӯ гуфтанд, ки бояд хоҳиши ҷиддӣ, ҳунари хуб ва ягон идеяи ҷолиб дошта бошад. Посухи ӯ кӯтоҳ буд: “Ман ба онҳо гуфтам, ки ҳамаашро дорам”.
Идеяи ӯ ба ҳунаре рабт дошт, ки падари марҳумаш ҳанӯз дар кӯдакияш ёдаш дода буду, бародараш онро дар заминҳои Русия сайқал дода буд – парвариши меваву сабзавот.
Бо дарёфти гранти хурде, Наврӯзшоҳ дар замини ҳавлияш гармхона бунёд кард. Ӯ корро танҳо бо 40 ниҳоли лимон ва 800 ниҳоли помидор оғоз кард ва ҳоло ҳам ниҳол мефурӯшаду, ҳам мева. Иқлими ҷануби Тоҷикистон барои парвариши лимон мувофиқ аст ва он ҷо тақрибан ҳар оилаи миёнаҳол соҳиби лимонхонаи худ аст. Ин меваи нисбатан гарон буда, дар мавсим дар Душанбе як донаашро на камтар аз ду сомонӣ мефурӯшанд. Помидор ҳам дар зимистон гарон мешавад ва нархи помидорҳои гармхонаӣ дар фасли сармо то ба 20-25 сомонӣ барои як кило боло меравад. Дуруст аст, ки рақобат ҳам дар ин соҳаи сердаромад зиёд аст, вале Наврӯзшоҳ хеле боҷуръат ва зираку ҳушёр буда, ба худаш ва маҳсулоташ боварӣ дорад.
Наврӯзшоҳ хушчақчақ ва фаъол буда, ҳангоми суҳбат хеле хурсанд ва қаноатманд ба назар мерасид. Мегӯяд, сатҳи ризоияташ ва қаноаташ аз зиндагӣ хеле боло рафтааст: “Ман ҳоло ҳам аз нигоҳи молӣ ва ҳам иҷтимоӣ зиндагии беҳтар дорам. Ман хурсандам, ки метавонам фарзандонамро таъмин намоям. Ман худам натавонистам, ки дар мактаб таҳсил намоям, ва аз ин рӯ, орзуям ин аст, ки фарзандонам таҳсил кунанд. Фарзанди калониям дар синфи нӯҳ мехонад ва ман аз ҳоло дар фикри дохил кардани ӯ ба донишгоҳ мебошам”.