-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Падару писар Исроиловҳо аз муҳоҷирати корӣ аз Русия бемор баргаштанд ва дигар наметавонистанд кори вазнини ҷисмонӣ кунанд. Дар як деҳаи дурдаст дар наздикии марз бо Афғонистон зиндагӣ барояшон мушкил мебуд, агар кори осоне пайдо намекарданд. Роҳи ҳал ҳам пайдо шуд – занбӯрпарварӣ. Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) бо маблағгузории USAID дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ” ба Исроиловҳо оилаҳои занбӯр ва сару либоси махсус тақдим карда, ҳамчунин, занбӯрпарвариро ба онҳо таълим дод.
Падари хонадон, амаки Абдулкарими 63-сола панҷ духтар дорад, ки ҳамаашон шавҳар карда, соҳиби хонаву дари худашон ҳастанд. Ӯ танҳо дар 40-солагӣ якто писар ёфтааст. Вақте ҷавон буд, дар соҳаи савдо кор мекард ва иқтидори таъмини оилаи калонро дошт. Вале ҷанги шаҳрвандӣ сар заду, вазъ тағйир ёфт:
“Маҷбур шудам, ки ба Русия равам. Вале мутаассифона, дигар ҷавон набудам ва ба зудӣ саломатиямро аз даст додам, дигар кор карда натавонистам, ва ба хона баргаштам. Фарзандам, Файзулло, он вақт 20-сола буд ва ба ҷоям ба Русия рафт. Дар Русия бахт ба рӯи оилаи мо нахандид – Файзулло ҳамагӣ се моҳ пас аз кори вазнин дар сохтмон саломатияшро аз даст дод ва ӯ ҳам баргашт”.
Дар ноҳияи Қубодиён, ки оилаи Исроиловҳо он ҷо зиндагӣ мекунанд, СБМ бо маблағгузории USAID ва дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии “Чашма” ба муҳоҷирони осебпазири бозгашта дар роҳандозии коре ёрӣ медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа ба оилаи Исроиловҳо пешниҳод шуд, ки занбӯрпарварӣ намоянд. Хонаашон дар макони хеле мувофиқ барои занбӯрҳо ҷойгир шудааст ва ин кор машаққати ҷисмонӣ ҳам надорад. Онҳо бо бист оилаи занбӯр корро сар карданд. Амаки Абдулкарим дар оғоз каме ҳарос дошт, ки оё аз уҳдаи кор мебаромада бошад. Ӯ ҳам аз занбӯрҳо метарсид, ва ҳам аз он ки чӣ гуна онҳоро парвариш кардаву, асал мегирад.
Хушбахтона, мутахассиси “Чашма” Маҳмудхон Миёнов дар ин соҳа таҷрибаи зиёд дорад ва дар оғози кор зуд-зуд ба хонаи Исроиловҳо мерафт, то ҳам кори онҳоро наззора кунад ва ҳам ба онҳо корро ёд диҳад. Ӯ мегӯяд:
“Имсол таҷрибаи ин оила дар занбӯрпарварӣ хеле боло рафт ва мо интизор дорем, ки то ним тонна асал мегиранд. Барои асал ҳамеша харидор ҳаст, ҳамдеҳаҳояшон мехаранд, боз онро ба бозор бурда, мефурӯшанд”.
Дигар дар чашмони амаки Абдулкарим осори тарсу ҳаросе аз занбӯр ва аз ин кор намебинам, вақте ӯ ба занбӯрҳо наздик мешавад. Ҳарчанд, ӯ дигар бо занбӯрҳо омӯхта шудааст, вале ҳамаи қоидаҳои кор бо занбӯрҳоро риоя мекунад – либосу кӯлоҳ ва дастпӯшакҳои махсусро мепӯшад.
Абдулкарим Исроилов аз ин имконияти кор дар даруни хонааш ҳамроҳ бо фарзандаш хурсанд аст. Ҳоло, ки як манбаъи хуби даромад пайдо кардаанд, амаки Абдулкарим мехоҳад, ки фарзандашро хонадор кунад ва бар иловаи виззаси занбӯрҳо овози хандаи кӯдакони хурдсол ҳам барояду, ба хушҳолии оилаи онҳо шодӣ зам шавад.