-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
“Оё номи онҳоеро, ки ба ман ёрӣ додаанд, медонӣ? Ман мехоҳам донам, ки киро дуои нек кунам”.
Саида Сафарова бонуи зирак ва фаъол аст ва дар дӯкони хурдакаки худ дар бозори марказии шаҳри Бохтар ба муштариён пирожкиву самбӯса, торту ширинӣ, ва нӯшокиҳои гуногун мефурӯшад. Кор дар бозори шарқӣ зиракиву ҳушёрӣ ва ширинзабониву дилёбиро тақозо мекунад – хислатҳое, ки Саида дорад. Бар илова, бояд хӯрданиҳо лазиз бошанд, нархҳо дастрас бошанд, дӯкон дар ҷойи хуб бошад ва бо муштариёну маъмурияти бозор муносибати хубро ба роҳ монда тавонӣ, то ба муваффақият ноил гардӣ. Саида ин ҳамаро дорад ва тавре худаш мегӯяд, ҳоло кордаш дар равған аст.
Вале, ин бонуи 41-сола на ҳамеша чунин буд. Ҳамин рӯзҳо дар соли гузашта ӯ хотирпарешон, афсурда, бемор буд, ба худаш боварӣ надошт ва зери фишорҳои равонӣ буд. Ӯ якуним даҳаро бо шавҳараш дар Федератсияи Россия гузаронидааст ва он ҷо се фарзанд таваллуд кардааст. Пас аз яке аз сафарҳояш ба ватан, Саида фаҳмид, ки дигар ба Россия баргашта наметавонад, чунки номи ӯ низ ба мисли бештар аз 250 000 ҳамватанаш дар рӯйхати афроде, ки вурудашон ба Россия мамнӯъ аст, ворид гардидааст. Ин хабар барояш ногаҳонӣ буд ва сабабашро ҳам намедонист. Қонунҳои муҳоҷиратии он кишвар ба қадри кофӣ печида ҳастанд ва як муҳоҷири одӣ дар онҳо ба осонӣ саргум мезанад, ва ба қадри кофӣ башардӯстона нестанд ва муҳоҷирро ба осонӣ барои қоидашиканиҳои одӣ ҷазои сангин медиҳанд.
То он замон Саида аллакай чанд сол боз аз шавҳараш ҳеҷ хабаре надошт. Пас аз он ки аз хабари шум каме ба худ омад, қарор дод, ки дар ватан бояд аз сари нав ба зиндагӣ оғоз кунад. Бо охирин 400 доллараш ба тиҷорат оғоз кард:
“Мева мехаридам ва мефурӯхтам. Вале таҷрибаи кофӣ надоштам ва ҳамаи пулҳоямро аз даст додам. Саломатиям, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ аз даст рафт. Чанд моҳи баъд поям аз беморхона канда набуд”.
Духтурҳои маҳаллӣ на танҳо саломатии Саидаро беҳтар карданд, балки ба ӯ умед ба зиндагиро низ баргардониданд. Яке аз духтурон, ки аз лоиҳаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират барои муҳоҷирони бозгашта ва осебпазир огоҳ буд, ба ӯ нишонии ҳамкори маҳаллии СБМ дар шаҳри Бохтар – созмони иҷтимоии “Ахтари бахт”-ро дод. Моҳинисо Шоҳназарова, мудири “Ахтари бахт”, ба ёд меорад:
“Саида дар вазъу шароити бад қарор дошт. Бо се фарзанд ҷое барои зистану рафтан надошт. Муваққатӣ дар хонаи бародараш мезист, вале наметавонист, ки як умр он ҷо бошад. Кӯдаконашро таъмин карда наметавонист ва маҷбур шуд, ки якеро ба ятимхона, ва дуи дигарашро ба хешовандонаш супорад. Ба назди мо омад, ин ҳамаро қисса кард”.
Саида на танҳо аз мушкилоти худ ҳикоя кард, балки аз ҳунарҳояш, ки дар муҳоҷират тӯли 15 сол ӯро мехӯронданд, нақл кард. Ӯ пазандаи моҳир аст. Ба Саида бо маблағгузории USAID дар доираи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ” гранти хурд ҷудо шуд,тарзи идораи тиҷорат барояш таълим дода шуд, асбобу таҷҳизоти лозима барои боз кардани дӯкон, ба монанди термос, яхдон, тостер, микроволновка, ва ғайра тақдим гардид. Саҳифаи нав барояш дар зиндагӣ боз гардид ва нури умед дар дилаш шӯълавар шуд.
Ҳамагӣ як сол баъди дарёфти кӯмак Саида аллакай бо пули фоидаи худ ду яхдони дигар харид, дӯконашро васеътар кард, номгӯи маҳсулоташро бештар намуд ва як зани маҳаллии дигарро низ бо ҷойи кор таъмин кард. Ӯ орзуҳояшро ба нақша табдил дода, онҳоро амалӣ мегардонад. Дар нақшааш, ҳамакнун, соҳиби хонаи худ шудан ва фарзандонашро ба он овардан аст. Ӯ аз ман хоҳиш мекунад, ки дар матлабам ҳатман изҳори сипоси ӯро ба он амрикоиҳое, ки зиндагии ӯро обод карданд, расонам:
“Ман номҳояшонро намедонам, вале медонам, ки онҳо одамони хеле хубанд. Илтимос, фаромӯш накунӣ, навис, ки ман аз онҳо як умр миннатдорам ва ба онҳо раҳмат мегӯям”.