-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Насим мактаби миёнаро хатм карду, дар Бохтар ба донишгоҳ дохил шуд, вале намедонист, ки унвони донишҷӯӣ танҳо як сол барояш насиб мегардад. Падараш дар муҳоҷират дар Федератсияи Россия мариз шуд ва дигар кор карда натавонисту, ба хона баргашт. Бекориву маризии падар зиндагии оилаи онҳоро тағйир дод.
Насим маҷбур шуд, ки ҷойи падарро дар Россия бигирад ва он ҷо борбардорӣ кунад, вале боз ҳам бехабар, ки муҳоҷирати ӯ ҳам каме бештар аз як сол давом мекунаду халос. Пас аз як бозгашташ ба Тоҷикистон ӯро дигарбора ба Россия роҳ надоданд. Вазъи зиндагии оилаашон боз ҳам мушкилтар гардид.
Ин ки роҳи ӯ ба Россия баста гардид, масъулияти таъмини оила, ёрӣ ба модар, ва нигоҳубини падару бародарону хоҳарони хурдсол аз гарданаш соқит нагардида буд. Се соли дигар Насим дар Бохтар ва ноҳияҳои гирду атроф ҳар коре, ки меёфт, мекард, чӣ дар сохтмон, чӣ таъмири хона, ва ё чӣ борбардорӣ дар бозор. Вале имкониятҳои дарёфти кори ҳатто хурд дар як шаҳри нисбатан хурд зиёд нест. Рӯзҳои зиёде ӯ ба хона бе ҳеҷ дирам дар киса бармегашт. Моҳонаи хурди модараш, ки дар бозор фаррошӣ мекард, ба чизе намерасид ва модараш маҷбур буд, ки барои таъмини оила аз бонк қарз бигирад.
Шароити зиндагӣ ҷавонписарро ба маъюсӣ, афсурдаҳолӣ ва ғазаб мерасонид ва дар сараш ҳатто фикри тағйири ному бозгашт ба Россия бо номи дигар чарх мезад – талошҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират низ ба он равона шудааст, то ҷавононро, ки шароити вазнини зиндагӣ онҳоро ба ҷиноят тела медиҳад, дастгирӣ намояд ва ба он васила онҳоро нагзорад, ки ба роҳи бад раванд. Вале як суҳбате бо раиси маҳалла, ки дар дасташ баргаи иттилоотии “Ахтари бахт”-ро дошт, дар дили Насим умедро бедор кард. “Ахтари бахт” созмони ҷамъиятие дар шаҳри Бохтар аст, ки ҳамроҳ бо СБМ бо маблағгузории USAID дар доираи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ” ба муҳоҷирони бозгашта ва осебпазир дар оғози тиҷорату соҳибкорӣ ёрӣ мерасонад.
Насим мегӯяд: “Аз ман пурсиданд, ки чӣ ҳунар дорам. Гуфтам, дар дӯконҳо дар бозор ба ҳайси фурӯшанда кор кардаам, ин корро хуб медонам, ва агар ба ман ёрӣ диҳанд, мехоҳам тиҷоратро оғоз кунам. Ба ман бовар карданд ва ҳоло ман дӯконеро иҷора гирифта, аз Душанбе сарулибоси кӯдакона мехарам ва дар ин ҷо мефурӯшам. Ҳоло андоз месупорам ва андозсупоранда ҳам ҳастам. Қарзҳоро, ки барои табобати падарам гирифта будем, баргардонидам”.
Насим қарзҳоро баргардонид, акнун метавонад табобати падарашро мустақилона давом диҳад, оиларо таъмин намояд – ва инҳо танҳо намунае аз тағйирот дар зиндагии нави ӯ мебошанд. Чанде пеш ӯ худаш ҳам оиладор шуд ва тамоми хароҷоти тӯй ҳам аз кисаи худаш буд. Маъюсиву ғазаби соли гузашта ба шодиву фараҳи имсолу солҳои оянда табдил кардааст ва дар зиндагии Насим нав субҳи офтобиву босафо ва рӯшан медамад.