Қисса

Маҳмадшариф, ҳар субҳ, қабл аз тулӯъи хуршед бедор мешавад. Яке аз сабабҳои субҳхезии ӯ шаш адад чорвояш мебошад, ки бояд онҳоро ғизо диҳад, об диҳад, бишӯяд ва оғилашонро тоза кунад.

Ин ҳама заҳмат як заррае аз табассуми малеҳро дар лабони Маҳмадшариф кам намекунад. Табассум ба чеҳраи хандонии ӯ низ мезебад. Ӯ шод аст, ки дар хона истода, манбаъи даромад дорад, аз назди волидонаш ва фарзандонаш дур нест, ва мушкилиҳои зиндагии ғарибонааш паси сар шуданд.

“Хона эҳсоси ширини худро дорад. Ҳеҷ кас маҷбурат намекунад, ки пули патент супорӣ, пули иҷора супорӣ. Милиса ғам намедиҳад. Шаб бо дили пур хоб меравӣ ва медонӣ, ки нисфи шаб касе даратро зада шикаста ба хонаат намедарояд. Тарс нест”.

Барои тарсидан Маҳмадшариф сабаб ҳам дорад. Дар соли 2006 ду бародари ӯ, якеяш дар муҳоҷират дар Русия, дигарияш ҳангоми таҳсил дар Душанбе кушта шуданд. Чанд соли баъд ғами шаҳписарон падарро аз по афтонд, ва падараш дигар тавоноии нигоҳубини оиларо надошт. Сарфи назар аз синни ҷавонаш, Маҳмадшариф маҷбур буд, ки саробонии оиларо бар дӯш бигирад. Ӯ ба Федератсияи Россия рафт, дар сохтмон кор ёфт, ва маблағҳои каме, ки мефиристод, ягона манбаъи харидории хӯрду хӯрок барои оила ва доруворӣ барои падараш буданд. Он рӯзҳои мудҳиш аз ёдаш нарафтааст:

“Вақте маро фиреб мекарданду, пули корамро намедоданд, аҳли оилаамон бо шиками гурусна хоб мерафтанд. Як бор милиса маро боздошт ва ҳарчанд ҳамаи ҳуҷҷатҳоям дуруст буданд, маро ба рӯйхати сиёҳ ворид карданд ва дигар ба Россия баргашта наметавонистам”.

Муҳоҷирони зиёде мурофиаҳои додгоҳии манъи вурудашон ба кишвари мизбонашонро ноодилона меноманд ва расонаҳои хабарӣ дар ин бора қиссаҳои зиёде нашр мекунанд. Охирин кордиҳандаи Маҳмадшариф пули кори ӯро надод ва ӯ ба хона бо дасти холӣ ва бе умеди дарёфти кор дар ноҳияи худаш баргашт.

Дар Кӯшониён ӯ барои рӯзгузаронӣ аз бонк қарз мегирифт – оилаи калони иборат аз волидон, ҳамсар, ду фарзанд, ва хоҳаронро, ки дар он ҳеҷ касе тавоноии корро надошт, хӯронидан  лозим буд. Ӯ намедонист, ки чӣ кор кунад, агар лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ”-и Созмони Байналмилалии Муҳоҷират намебуд. Ин лоиҳаро USAID маблағгузорӣ мекунад.

Дар доираи ин лоиҳа ба Маҳмадшариф шаш чорвои калон ва ғизо барои нигоҳубини онҳо доданд, то зиндагияшро пеш барад. Акнун, тамоми оила дар нигоҳубини чорво ба ӯ ёрӣ медиҳад. Маҳмадшариф говҳоро мефурӯшад, навашро мехарад, калон мекунад, боз мефурӯшад ва ба ҳамин минвол оиларо таъмин мекунад.

“Ман корамро хеле дӯст медорам. Ин кор моро мехӯронад ва ман ҳам аз назди оилаам дур нестам. Ин имконият зиндагии маро тағйир дод”.

Маҳмадшариф умедвор аст, ки тиҷораташ бештар равнақ ёбад ва шаш чорвои ӯ, баъдан, ба як фермаи калон табдил гардад.