Қисса

Тақрибан дар давоми 25 сол Нематҷон Алиматов дар хориҷа кор мекард, аввал дар нонвойхонаҳои Ӯзбекистон ва баъдтар дар Федератсияи Русия дар корхонаи қаннодӣ. Дар тӯли ин вақт, ӯ орзуи оғози тиҷорати худро дошт ва тарзи тайёр намудани беназири самосаи худро такмил дод.

"Ман муддати тӯлонӣ сахт меҳнат кардам, мехостам чизе беназир эҷод кунам, ки ба ман имкон диҳад то ки ба хона баргардам, тиҷорати худро кушоям ва ниҳоят бо оилаам бошам," - ба ёд меорад Нематҷон.

 

Дар охири соли 2020, Нематҷон имконият пайдо кард, ки ба хона баргардад, то дар ташкили тӯйҳо барои писар ва духтаронаш кӯмак кунад. Аз ин фурсат истифода бурда, ӯ тасмим гирифт, ки бимонад ва тиҷорати орзуи худро пайгирӣ кунад. Якҷоя бо ҳамсараш, ӯ ба пухтани самоса дар танӯр бо истифода аз ресепти, ки дар тӯли солҳо таҳия карда буд, оғоз кард.

Соли аввал душвор буд. Онҳо таҷҳизоти зарурӣ надоштанд ва аз санҷишҳои санитарӣ  ва бехатарӣ метарсиданд, ки метавонанд онҳоро махкам кунанд. Аммо, бо ёрии  беандозаи оилааш, Нематҷон кори худро идома медод.

Дар моҳи ноябри соли 2022, Нематҷон дар бораи даъват барои дархостҳои грантҳои тиҷорати хурд, ки аз ҷониби ТҒД-ҳои маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) эълон шуда буд, фаҳмид. Дар аввал дудила буд, ӯ ба қобилияти худ шубҳа дошт, ки ҳатто агар грантро ба даст орад, интизориҳоро иҷро кунад. Аммо як машваратчии СБМ потенсиали тиҷорати ӯро дид ва ӯро ташвиқ кард, ки дархост кунад.

Сарфи назар аз нигарониҳои худ, Нематҷон барои маблағгузорӣ мувофиқ шуд ва нақшаи тиҷорати ӯ ҳамчун беҳтарин дар лоиҳа эътироф шуд. Бо грант, ӯ ва ҳамсараш таъмироти заруриро анҷом доданд, то ба стандартҳои санитарӣ ва бехатарӣ мувофиқат кунанд ва таҷҳизоти заруриро, аз ҷумла як шустушуи дуқисмӣ, як миз барои буридан, дастгоҳи барқи барои майда кардани гӯшт, бойлер ва маҷмӯи мизу курсӣ хариданд. Акнун онҳо як нонвойхонаи комил доштанд.

Беҳбудиҳо муваффақиятро оварданд. Нематҷон пойгоҳи муштариёнро сохт, фармоишҳо барои тӯйҳо ва дигар чорабиниҳоро қабул кард. Як моҳ пас, ӯ як савдогари маҳаллиро барои фурӯши самоса дар канори роҳ киро кард. Ҳангоме ки даромади онҳо афзоиш ёфт, вақти васеъ шудан расид.

"Ман ба писарам, ки дар Федератсияи Русия кор мекард, занг задам ва ба ӯ гуфтам, ки баргардад," - бо ифтихор ба ёд меорад Нематҷон. "Мо ҳоло метавонем дар хона пул кор кунем."

Нематҷон Алиматов бо писараш, ки аз муҳоҷират баргаштааст | Расм: СБМ | 07.09.2024

Писараш баргашт, то ба тиҷорат ҳамроҳ шавад ва онҳо тасмим гирифтанд, ки як бинои калонтарро дар наздикии он барои ҷойгир кардани меҳмонон созанд. Пас аз анҷоми сохтмон, Нематҷон боз ба СБМ муроҷиат кард ва боз як грант барои дастгирии васеъшавӣ гирифт.

Имрӯз, Нематҷон қаҳвахонаи худро дорад, мизоҷони қаноатманд, даромади устувор ва, аз ҳама муҳим, оилааш дар хона. "Ин тиҷорати хурд ба ман имкон дод, ки ду чизи муҳимро ба даст орам: оилаи худро ғизо диҳам ва писарамро аз хориҷа ба хона баргардонам, то ба тиҷорати оилавӣ ҳамроҳ шавад. Мо ҳоло метавонем дар хона пул кор кунем," - бо ифтихор мегӯяд ӯ.