-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
Фарогир (глобалӣ)
Фарогир (глобалӣ)
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Конфронси минтақавӣ оид ба мубориза бо қаллобии онлайн ва киберҷиноятҳо дар ҷалби байналмилалии корӣ
Созмони Байналмиллаии Муҳоҷират (СБМ) дар Осиёи Марказӣ конфронси дурӯзаеро таҳти унвони «Мубориза бо қаллобии онлайн ва киберҷиноятҳо, ки бо ҷалби байналмилалии корӣ алоқаманданд» баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ мансабдорони баландпоя аз Вазоратҳои Корҳои Дохилӣ ва Вазоратхои Меҳнату Муҳоҷирати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сафорати Британияи Кабир дар Бишкек инчунин намояндагони СБМ ширкат варзиданд. Ҳадафи конфронс таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар ҳалли мушкилоти афзояндаи қаллобии онлайн ва киберҷиноятҳо дар равандҳои ҷалби байналмилалии корӣ мебошад.
Намояндагони ҳукуматҳо ҳолатҳои қаллобӣ ва киберҷиноятҳоро, ки дар кишварҳои худ сабт шудаанд, муаррифӣ намуда, чораҳои андешидашуда барои мубориза бо ин мушкилотро шарҳ доданд. Конфронс дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир» баргузор гардид.
Ҷаноби Парвиз Максатуллозода, Муовини Сардори Раёсати Муҳоҷирати аҳолӣ дар Вазорати Меҳнат, Муҳоҷират ва Шуғли аҳолӣ, дар бораи намудҳои қаллобии онлайн, ки дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ва талошҳои вазорат барои пешгирии чунин қаллобӣ, маърӯзаи фарогир пешниҳод намуд. Намояндагони СБМ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон фаъолона дар муҳокимарониҳо иштирок намуда, ба ташаббус саҳми арзишманд ва таҷрибаи худро гузоштанд.
Виктор Лутенко, Сардори Намояндагии дафтари СБМ дар Тоҷикистон, изҳор дошт: «Пешгирии қаллобӣ дар ҷалби байналмилалии муҳоҷирати меҳнатӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ин ҷо, дар Бишкек, мо бо ҳамкорон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таҷрибаҳои беҳтарин ва дарсҳои омӯхташударо аз минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима намуда, инчунин усулҳои пешрафта дар таҳқиқ ва пайгирии қаллобии онлайн дар муҳоҷирати меҳнатиро меомӯзем. Умедворам, ки ин чорабинӣ талошҳоро дар саросари Осиёи Марказӣ тақвият бахшида, муҳоҷиронро дар ҷустуҷӯи кори хориҷӣ бехатар мегардонад».
Ин талоши ҳамкорӣ садоқати ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва СБМ-ро барои ҳифзи коргарони муҳоҷир ва таъмини равандҳои ҷалби байналмилалии корӣ, ки бехатар, ахлоқӣ ва шаффоф мебошанд, таъкид менамояд
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан бо мо тамос гиред: Нилуфар Шехова, nshekhova@iom.int